Масъулини кумитаи андоз ва мутасаддиёни ин ниҳод дар шимоли Тоҷикистон амалиёти санҷишӣ доир карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии кумитаи мазкур, ин тасмим бо мақсади муайян ва ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳои марбути соҳаи андоз аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти зераксизӣ дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Тавре ба «Озодагон» дар ин бора иттилоъ доданд, рафти корҳои назоратӣ дар ҶДММ-и «Ҷасури Суғд» воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дадаҷон Холматови ноҳияи Б.Ғафуров муайян намуд, ки корхона ба истеҳсол ва фурӯши машруботи спиртӣ машғул мебошад .Роҳбари корхонаи мазкур Абдуманнон Абдуллоев дар 2 анбори ширкаташ 9000 литр арақи нодуруст тамғагузоришударо нигоҳ медоштааст. Дар резишгоҳи асосӣ бошад, ҳисобкунаки дорои хотираи фискалӣ насб нагардидааст.
Ҳамҷунин санҷиши дигари мутахассисон дар ҶДММ «Амири Суғдӣ» воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳбараш Абдурозиқ Қаҳҳоров, ки ба истеҳсол ва фурӯши оби ҷав машғул мебошад, муайян намуд, ки маҳсулот бе ягон санад ва ба расмиятдарорӣ фурӯхта мешавад. Ҳангоми ба корхона ташриф овардани ҳайати гурӯҳи корӣ аз анбори ҷамъият як харидор ҳудуди 60 литр оби ҷавро бе ягон санади расмӣ харид.
Барои риоя накардани қарори ҳукумати Тоҷикистон, таҳти рақами 497 аз 31 декабри соли 2004 нисбати масъулини сехи истеҳсолӣ, ба маблағи 1050 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ ва 10 000 сомонӣ аз ҳисоби пинҳонкунии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона андози аксизӣ ба буҷет ворид гардид.
Мӯҳр