Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов аз истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳо дар соҳаи тандурустии вилоят изҳори норизоӣ кард.
Ғайбулло Авзалов дар нишасти навбатии Маҷлиси депутатҳои халқӣ гуфт: «Дар як қатор муассисаҳои тандурустӣ дар рафти тафтишоти Хадамоти зидди коррупсия ҳодисаҳои азхудкунӣ ё истифодаи ғайри мақсадноки сармояи давлатӣ равшан шуда аст».
Ба гуфти ӯ, дар муассисаҳои тиббии ноҳияи Хуросон зарар ба маблағи 46,5 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Румӣ - 88 ҳазор сомонӣ, Кӯлоб - 10,5 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуда аст.
Раиси вилояти Хатлон ба сардорони соҳаи тандурустии вилоят супориш додааст, то назорати истифодаи сармояи давлатиро, ки барои рушди низоми тандурустӣ дар ҷануби кишвар ҷудо шуда аст, тақвият диҳанд.
Мӯҳр