Аз Раёсати ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки духтарак С.Б., хонандаи синфи 11-и ҷамоати Ниҷонии ноҳияи Истаравшан дар ҳавлии истиқоматияшон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Ҳодисаи дигар дар ҷамоати Яхтани ноҳияи Ғончӣ рух додаст. Хонандаи синфи 9 (писарабача) Х.У. дар оғили манзили маскунияшон худро ба дор овехтааст. «Ҳангоми азназаргузаронии ҷасадҳо ягон аломати марги зӯроварӣ мушоҳида нашудааст. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон аз ҷониби прокуратура муайян мешавад»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар гуфт, ҳамон рӯз боз як ҷавонзани 39 сола дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.
Тибқи иттилои расмӣ давоми 8 моҳи соли 2012 дар қаламрави вилояти Суғд 206 (соли 2011-121) ҳодисаи даст ба худкушӣ задани сокинони вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки 106 нафари онҳо мардон, аз ҷумла 13 ноболиғ ва 100 зан, бо шумули 6 ноболиғ буданд.
Мӯҳр