Созмони молиявии байналмилалӣ дар натиҷаи омӯзиши муҳити соҳибкории Тоҷикистон муайян кардаст, ки мушкилоти асосии бахши хусусӣ дар кишвар ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ рабт доранд. Инро ҳам корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ якмаром тасдиқ кардаанд.
Таҳиягарони омӯзиш ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ нав гардад. Аз модели мавҷуда, ки ниҳодҳои давлатӣ ба назорати меъёрҳои гуногун машғуланд, зарур аст, ки ба намояндагони бахши хусусӣ ҳамчун ба муштарӣ муносибат намоянду розигии муштарӣ сармашқи корашон бошад.
Тафтишот аз ҷониби мақомоти андоз, ки яке аз сарчашмаҳои мушкили бахши хусусӣ арзёбӣ мешавад, дар Кодекси нави андоз бознигарӣ шудааст.
Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ таҳлил кардаст, ки дар сурати тадбиқи дурусту босамари муқаррароти Кодекси нави андоз тафтиши корхонаю ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти андоз метавонад чор маротиба камтар гардад:
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати босамар ва дуруст истифода намудани муқаррароти Кодекси андоз, миқдори санҷишҳо чор маротиба, давомнокии санҷишҳову хароҷоти давлатӣ барои гузарондани санҷишҳо ду маротиба кам хоҳанд шуд. Аз он ҷумла хароҷоти соҳибкорон низ, ки ба санҷишҳо дахл доранд, 38 фоиз кам мегарданд».
Мӯҳр