Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати аввали моҳи августи соли ҷорӣ маоши баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони бонку молия мегиранд, ки ба ҳисоби миёна як ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бахши хизматрасонии нақлиёту алоқа тарабхонаю меҳмонхонаҳо маоши миёна ба қатори баландтаринҳо дар кишвар дохил мешавад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бахши воқеии иқтисодиёт маоши баландтаринро кормандони соҳаи саноати кӯҳкорӣ мегиранд, ки ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони соҳаи барқ, газ ва таъминоти об ба ҳолати аввали моҳи август ҳудуди 900 сомонӣ маош доштаанд.
Маоши пасттаринро ба ҳолати аввали моҳи август дар Тоҷикистон ҳамоно кормандони хоҷагии қишлоқ ва ҷангалпарварӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 132 сомонӣ аст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод, ба иттилои Агентии омори кишвар аввали моҳи август баробари 396 сомонӣ шудаст, ки дар муқоиса бо июли соли гузашта 14 фоиз зиёд аст. Дар бахши хизматрасонӣ маош нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфта, наздики 640 сомониро ташкил додааст.
Мӯҳр