Тайи як моҳи охир шакар дар бозорҳои пойтахт 8 дарсад қимат шуда, ҳоло як килои он дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 5 сомонию 50 дирам фурӯхта мешавад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон як кило шакар 5 сомонию 13 дирамро ташкил медод. Ба иттилои манбаъ, феълан як килло шакарро дар бозорҳои «Варзоб»-у «Саховат», ва «Деҳқон»-у «Шохмансур» бар ивази 5 сомонию 50 дирам мефурӯшанд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, дар баробари ин ҳоло дар бозорҳои кишвар болоравии нархи орд (40%), қаймоқ (22%), шир (30%), гӯшти гову гӯсфанд (21%) ва картошка (22 %) мушоҳида мешавад.
Мӯҳр