Нархи як тонна пахта дар биржаи Маскав тайи як ҳафтаи охир боз 25 доллар арзон шуда, ба 2 100 доллари амрикоӣ расид.
Ин рақам нисбат ба нишондоди аввали моҳи ҷорӣ 50 доллар арзонтар мебошад. Аввалҳои соли гузашта нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳадди 5 ҳазор доллари амрикоӣ боло рафта буд, ки нишондоди рекордӣ маҳсуб меёбад. Дар Тоҷикистон, ки пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад, деҳқонон ба далели гаронии нархи он ва умеди ёфтани даромади бештар майдони кишти онро 50 ҳазор гектар зиёд намуда, ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ дар ҳудуди 210 ҳазор гектар пахта кориданд ва имсол ҳам ин майдонро кам накарданд.
Имсол масъулини Вазорати кишоварзӣ эълон медоранд, ки дар кишвар ҷамъоварии ҳудуди 420 ҳазор тонна пахта дар назар аст. Аммо азбаски дар ҷаҳон ҳосили пахта соли гузашта ва имсол нисбатан хуб шудааст, дар пайи афзоиши пешниҳод нархи он коҳиш ёфта, деҳқони тоҷик аз фоидаи интизориаш маҳрум гардида истодааст. Мавсими ҳосилғундории пахта айни ҳол дар кишвар идома дошта, соҳибони пахта, онро вобаста ба нарх дар биржаи Ливерпул ба савдо мегузоранд.
Мӯҳр