Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон мунҷар ба марги як нафар гардид.
Дар ин бора аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дирӯз, 26-уми сентябр тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси Поджеро» Зокир Қурбонови 37 сола, сокини шаҳраки Ҳисор ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Илҳомҷон Қараеви 30 сола, сокини деҳаи Турсунзодаи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғдро, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
«Дар натиҷа пиёдагарди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар илова кард, ки шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он як нафар фавт карда, 3 тани дигар захм бардоштааст.
Мӯҳр