Ҷон Фрейвел, атташеи ҳарбии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ тақдим кард.
«Мо умедворем, ин таҷҳизот дар таъмини амнияти марзбонон, ки барои амнияти Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, кӯмак мерасонад»,-иброз дошт Ҷон Фрейвел зимни чорабиние бахшида ба ин муносибат. Тавре аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Озодагон гуфтанд, дар ин чорбинӣ генерал-майор Шараф Файзуллоев, полковник Солех Шехов ва майор Зариф Ҳакимов ширкат варзиданд.
Мавриди зикр аст, ҳукумати Амрико барои барномаҳое, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, институтҳои демократӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, зиёда аз 984 миллион доллар ҷудо кардааст.
Мӯҳр