Ҳайати меҳмонон бо ҳамроҳии раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони ҷумҳурии Чехия ҷаноби Мирослав Антл ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар хусуси омодагӣ барои ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо изҳори назар намуд. Ҷаноби Мирослав Антл низ дар навбати худ бобати густариши ҳамкориҳои ҳаматарафаи судманди Тоҷикистону Чехия нақшаву ниятҳои худро баён дошт.
Раиси Кумитаи масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Чехия ҷаноби Мирослав Антл ва ҳамроҳонаш пас аз нисфирӯзӣ аз осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ дар шаҳри Хуҷанд ва осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум боздид намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Мӯҳр