Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд дар натиҷаи назарпурсиаш тавассути сомонаашон муайян кардаанд, ки аз се мақсади стратегии давлати Тоҷикистон аксарият истиқлолияти энергетикии кишварро муҳимтарин меҳисобанд.
Айни ҳол давлати Тоҷикистон се мақсад, - истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳадафи стратегии худ қарор додаст. Миёни истифодабарандагони сомонаи раёсати вилояти Суғд, 66,5 фоизашон истиқлолияти энергетикӣ, 20 фоизашон амнияти озуқаворӣ ва 12,9 фоизашон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро муҳимтарин гуфтаанд. Масъалаи истиқлолияти энергетикӣ бо наздикшавии фасли сармо боз ба масъалаи мубрам табдил меёбад, чун барои навоҳӣ зимни интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран ба маъалаи энергетика дахл карда, дар ин робита мардуми вилояти Бадахшонро «хушбахттарин инсон»- ҳо гуфт:
«Дар ҷумҳурӣ аз моҳи октябр сар карда 90 фоизи мардум ҳамагӣ 3 соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар Бадахшон ба истиснои ноҳияи Мурғоб мардуми навоҳии дигар дар фасли сармо аз 20 то 24 соат барқ доранд», илова кард сарвари давлат.
Мӯҳр