Бахшҳо

Сенаторони Чехия дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев

Дирӯз (25 сентябр) раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати сенаторони ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Сенати ҷумҳурии Чехия оид ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ ҷаноби Мирослав Антл, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз шӯъбаи робитаҳои байнипарламентии дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуд, ки ташрифи меҳмонон фоли нек буда, ҷиҳати бунёди пули дӯстӣ барои густариши робитаҳои байнипарламентӣ саҳифаҳои нав боз хоҳад кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба сохтори Маҷлиси миллӣ, фаъолияти кумитаҳо, ташаббуси қонунгузорӣ ва ҷараёни қонунэҷодкунӣ, таърихи муносибатҳои байнипарламентии ҳарду ҷониб баҳри рушду такомули муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, ки ба манфиати тарафайн равона карда шудааст, маълумоти муфассал дода, ба саволҳои меҳмонон дар ин бобат ва паҳлуњои гуногуни фаъолияти парламентӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

Ҷаноби Мирослав Антл дар навбати худ қайд намуд, ки ҳадафи асосии сафари ҳайат таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентии ду кишвар буда, сенаторони Чехия баҳри рушду такомули ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва бахусус тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Чехия пайваста  саъю кӯшиш  хоҳанд намуд.

Ҳамзамон меҳмонон аз сатҳи муносибат ва ҳамкориҳои Чехия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки сайёҳони чехӣ ба манзараҳои зебои қаторкӯҳҳои Фон ва баландкӯҳҳои Помир майлу рағбат дошта, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи туризм  мувофиқи мақсад ва зарур  мешуморанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, пеш аз ҳама саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди музокира қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси Маҷлиси миллӣ пешниҳод ба миён гузошт, ки барои пиёда сохтани мақсадҳои наҷиб ҷињати такон бахшидан ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳасанаи байнипарламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии тарафайн таъсис дода шаванд. Ин ва дигар таклифҳои пешниҳодгардида аз тарафи меҳмонон пазируфта шуданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)