Бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ раиси вилояти Суғд аз 20 сентябри соли ҷорӣ қарор қабул кард.
Мутобиқ ба қарори мазкур комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ӯҳдадор шуданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор бояд комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва дигар ташкилотҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисоси ҳарбӣ аз тарафи ҷавонони даъватшаванда ба таълимгоҳҳои ташкилоти мазкур чорабиниҳои ташвиқотиро амалӣ намоянд.
Мӯҳр