Дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои сиёсӣ Венди Шерман доир шуд.
Дар ин бора ба Озодагон Давлат Назриев сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зимни суҳбат мусоҳибон дар мавриди дурнамои вазъият дар минтақа баъд аз соли 2014 мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтор ва вусъат додани ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
Имконияту роҳҳои ҷалби Афғонистон дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат ва дигар масоил низ дар ҷараёни мулоқот матраҳ гардиданд.
Мӯҳр