Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, партофти обро бе тавлиди барқ аз обанбори Норак қатъ кардаанд.
Ҳамасола Тоҷикистон дар пайи партофти бекоркарди об аз обанборҳо наздики 200 миллион доллари амрикоиро аз даст медиҳад. Ба қавли масъулини «Барқи тоҷик» айни ҳол мутахассисон дар пайи ҳисоби ҳаҷми обе ҳастанд, ки имсол бе тавлиди барқ партофта шудааст. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол ҷараёни об дар дарёи Вахш ҳудуди 650 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ин миқдори об дар ҳоли ҳозир кофист, то фаъолияти нерӯгоҳ бе истифодаи захираи обанбор таъмин гардад.
Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, дар сурати оғози истифодаи захираи обанбор, ночор дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ хоҳад шуд. Дар ширкат хомӯшкуниҳои охири барқро, ки дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон сурат мегирад, ба корҳои профилактикӣ рабт дода, таъкид мекунанд, айни ҳол ягон хел маҳдудият ҷорӣ нашудааст.
Ба иттилои масъулини ширкат айни ҳол об дар обанбори Норак то ҳадди ниҳоӣ 910 метр расонда шудаст, ки аз ин ҳудуди 62 метрашро захира ташкил медиҳад.
Мӯҳр