Масъулини бархе аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон яке аз сабабҳои коҳиши сайёҳонро ба амалиёти низомии 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ рабт медиҳанд.
Бархе аз намояндаҳои диполоматӣ аз шаҳрвандонашон дархост карда буданд, ки ба далели ноамнӣ аз сафар ба Бадахшон худдорӣ намоянд. Масъулини ширкатҳои сайёҳӣ изҳор медоранд, ки даҳҳо муштарияшон, ки қабл аз амалиёти низомӣ хоҳони сафар ба Бадахшон буданд, баъди ин ҳодисаҳо аз нияташон баргаштанд. Таҳлилгарон мегӯянд ин амалиёти низомӣ меҳнати чандинсоларо барбод дода, ба имиҷи сайёҳии кишвар латма задааст.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сайёҳиро дар кишвар махсусан дар вилояти Бадахшон ояндадор гуфта, дар сатҳи вилоят рейкет ва дар сатҳи ҷумҳурӣ «нафси ҳаром»-и бархе аз кормандони ниҳодҳои давлатиро монеаи рушди соҳа гуфт. Президенти Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳар нуқсон дар кишвар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ бевосита тавассути интернет ба вай хабар медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки дар фурӯдгоҳ аз кормандони карантин сар карда то гумруку дигарҳош аз мардум пул талаб мекунанд бо нафси ҳаромашон мардумро азият дода, обрӯи миллатро паст мезананд. Баробари ин президент ҳамла ва ғорати сайёҳонро ҳам омили гурези сайёҳон аз кишвар гуфт.
Мӯҳр