4 донишҷӯи яке аз макотиби олии Суғд бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.
Тавре ба Озодагон аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, нисбат ба 4 донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Чкаловск фаъолият дорад, бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 3 нафари онҳо дар курси 4 ва як нафар дар курси 2-юми ин донишкада таҳсил мекардаанд. «Аз ин донишҷӯён ба миқдори умумии 1 килову 86 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш мусодира карда шуд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр