Дар шимолу ғарби Покистон яке аз чеҳраҳои шинохтаи «Ал-Қоида» кушта шуд.
Тибқи иттилои расида, Абу Каша ал-Ироқӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавойии тайёраҳои бесарнишини Амрико ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, ҳамроҳ бо ӯ се ҷангии дигари «Ал-Қоида» низ кушта шудаанд.
Тайёраҳои бесарнишин, навоҳии кӯҳистонии Вазиристони Шимолиро ҳадаф қарор додаанд. Дар ин минтақа давоми моҳҳои тулонӣ задухӯрдӣ нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошубгарони мусаллаҳ идома дорад. Шанбеи гузашта низ ҳамлаҳои ҳавойӣ се ҷангиро маҳв кард.
Мӯҳр