Сокини 50 солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони қочоқи тилло ва асъор дар сарҳади муштараки Тоҷикистону Афғонистон дастгир карданд.
Бино ба иттилои Хушнуд Рахматуллоев, сухангӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМТ, дастгиршуда дар мошини шахсии тамғаи КамАЗ дар пинҳонгоҳи махсус мехост ду кило тиллои саноатӣ ва 50 ҳазор доллари амрикоиро ба Афғонистон интиқол бидиҳад.
«Гумонбар дар минтақаи сарҳадии Панҷ боздошт шуд. Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр