Ҳиллари Клинтон, котиби давлатии ИМА изҳор дошт, кишвараш омодаи кӯмак ба ҳукумати Либия барои мубориза бо ҷангиён аст.
Клинтон зимни сӯҳбат бо райиси парлумони Либия-Муҳаммад Мағриф дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, новобаста аз ҳамла ба сафорати Амрико дар шаҳри Бенғозӣ Вашингтон ҳамоно шарики Либия боқӣ мемонад.
Роҳбари парлумони Либия дар навбати худ барои ҳодисаи 11-уми сентябр узр хост. Ёдовар мешавем, мардуми норозӣ аз филми «Бегуноҳии мусалмон» дар ин сана ба сафоратхонаи ИМА дар Либия ҳамла бурда, сафир Кристофер Стивенс ва се дипломати амрикоиро ба қатл расонданд.
Мӯҳр