Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК, ки дар Душанбе мегузарад, дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро шикаст дод.
Бозингарони «Истиқлол» ба дарвозаи ҳариф ду голи беҷавоб заданд. Нахуст дар дақиқаи 39-ум Даврон Эргашев тӯби зебоеро бо сараш вориди дарвозаи «Дордой» кард. Голи дуюмро дар дақиқаи 60-ум Маҳмадалӣ Содиқов зад.
Ёдовар мешавем, сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 24-уми сентябр оғоз ёфта ва то 30-юми моҳи равон идома меёбад.
Ҳарифи навбатии «Истиқлол» тими «Пномпен Краун»-и Камбоҷа аст. Ин дидор 28-уми сентябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, барандаи Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё 50 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад.
Мӯҳр