Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, якумин нерӯгоҳи обии Тоҷикистон – «Варзоб», ки ҳанӯз соли 1936-ум сохта шудаст, то моҳи ноябр пурра таҷдид мешавад.
Азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии «Варзоб»-ро соли сеюм аст, ки ду ширкати ҳиндӣ амалӣ сохта, дар назар аст, ки корҳо дар чархаи якум моҳи октябр ва дуюм моҳи ноябр пурра ба анҷом расонда шавад.
Масъулини «Барқи тоҷик» арзиши таҷдиди нерӯгоҳро 17 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд, ки аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ба сифати грант ҷудо шудаст. Дар натиҷаи азнавсозӣ иқтидори ҳар агрегати нерӯгоҳ аз 3,7 мегаватт то 4,5 мегават боло рафта, дар маҷмӯъ нерӯгоҳ 9 мегават тавоноӣ хоҳад дошт.
Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, такягоҳи низоми энергетикии Тоҷикистон, нерӯгоҳи «Норак» ҳам айни ҳол ба таҷдид ниёз дошта, марҳила ба марҳила бо сармоягузории созмонҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст.
Мӯҳр