Дар Боку, пойтахти Озорбойҷон мусалмонон бо нишони эътироз аз карикатураи Муҳаммад (с) дар назди сафорати Фаронса таҷаммӯъ карданд.
Бахши русии «Озодӣ» менависад, ҳудуди 50 нафар назди сафоратхона омада, аз нашри карикатура дар рӯзномаи «Charlie Hebdo» эътироз кардаанд. Пулис одамони гирдиҳамомадаро пароканда намуда, чанд нафарро дастгир кардааст.
Як ҳафта қабл, бо нишони эътироз ба филми «Бегуноҳии мусалмон» чунин як намоиши эътирозӣ дар назди сафоратхонаи ИМА дар Боку сурат гирифта буд.
Мӯҳр