Тибқи ҳисобҳои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон рушди воқеии иқтисодиёти кишвар тайи ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоизро ташкил додаст.
Ба итилои расмӣ дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20 миллиарду 400 миллион сомонӣ баробар шудаст. Аз ҷумла рушди саноат наздики 12 дар садро ташкил додааст. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба андозаи 10,2 фоиз бештар гардидаст. Рушди гардиши чакана ба 4,2 фисад ва пешниҳоди хизматрасонӣ ба 14 фоиз баробар шудаст. Сатҳи таваррум 4,2 дар садро ташкил дода, асосан аз ҳисоби афзоиши нархи хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 13,7 фоиз, афзоиши нархи маводи ғайриозуқа ба андозаи 4,3 фисад, афзоиши маводи озуқа ба андозаи 2 % ташакккул ёфтаст.
Дар маҷмӯъ сатҳи таварруми ба қайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ пасттар аст.
Мӯҳр