Тибқи иттилои расмӣ аз се як ҳиссаи маблағҳое, ки тайи 8 моҳи аввали соли равон аз худ шудаанд, ба соҳаи электроэнергетика рост меоянд.
Дар ишооти электроэнергетикӣ давоми 8 моҳ 775 миллилон сомонӣ сарф шудаст, ки аз ин 570 миллионаш маблағҳои давлатӣ ва корхонаҳо буда, 205 миллиони дигар қарзи хориҷӣ мебошад. Аз ҷумла, дар нерӯгоҳи «Сангтӯда- 2» 104 миллион сомонӣ сарф шуда, дар нерӯгоҳи «Роғун» ин нишондод ба 512 миллион сомонӣ рост меояд.
Тибқи иттилои оморӣ харҷи маблағҳо дар нерӯгоҳи «Роғун» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллион коҳиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ азхудкунии маблағҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Тайи 8 моҳ дар лоиҳаҳои гуногуни кишвар ҳудуди 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ аз худ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр