Бахшҳо

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: Ҳуқуқи «ҳазрати Инсон» сарҳад надорад

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳодисаи  бархӯрди як гурӯҳ ҳамватонони мо бо мардуми чечен дар шаҳри Уфаро маҳкум кард.

Тавре аз дафтари матбуоти сафорат ба «Озодагон» иттилоъ  доданд, дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ҷониби Тоҷикистон ҳама гуна низоъҳо, бахусус низоъҳоро бар пояи мансубияти миллӣ маҳкум мекунад ва тамоми тоҷикистониёне, ки феълан дар Русия ба сар мебаранд, ба субот ва риояи тартиботу қонуният, эҳтироми анъаноту одоти тамоми мардуми Русия даъват карда, ҳамчунин аз мардуми таҳҷоӣ эҳтироми мардуми тоҷикро тақозо дорад.Таври маълум Русия ҳамчун як кишвари муттаҳидкунандаи анъаноту фарҳанги ақвоми гуногун маҳсуб мешавад. Аз ин хотир сафорати Тоҷикистон ин қазияро на низоъи байни ду миллат, балки қазияи авбошии аз тарафи афроди алоҳида ва ё гурӯҳи муайян ташкилшуда медонад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав таваҷҷӯҳи шахсони масъули Русияро ба масъалаи таъсир гузоштани як қатор ашхоси алоҳида, бахусус омбудсмени ҷумҳурии Чеченистон ва Шӯрои кӯҳансолони ин кишвар, ба раванди тафтишоти мазкур ҷалб кардааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, дар кишваре чун Русия, ки миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рушди омилҳои демократӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст, ин ашхос бо изҳороти худ аз масъулин тақозо кардаанд, то дар мавриди баррасии ин қазия аз роҳи «худиву бегона», яъне шаҳрванди Русияву хориҷӣ кор бигиранд, ки таври маълум бартарӣ дар ин ҳолат ба якумӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ сафорати Тоҷикистон дар Маскав тамоми ҳомиёни ҳуқуқро давъат мекунад, то фаромӯш насозанд, ки ҳуқуқи «ҳазрати ИНСОН»  миллату сарҳад надорад. Сафорати Тоҷикистон ба дараҷаи касбияти мақомоти интизомии ҷумҳурии Бошқирдистон шубҳа надорад ва бовар дорад, ки қазияи мазкур шаффоф баррасӣ гардида, муҷримин на аз рӯи мансубияти миллӣ ва табаияташон ба кишвари дигар, балки тибқи қавонини Федератсияи Русия, ҳамчун вайронкунандагони қонуну тартибот ҷазо хоҳанд гирифт. Сафорати Тоҷикистон қазияи мазкур ва раванди баррасиҳои интизомии онро таҳти назорати худ қарор додааст, - гуфта мешавад дар поёни изҳорот.

 

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)