Ғулом Аҳмад Билор, вазири роҳҳои оҳани Покистон дар сӯҳбате бо хабарнигорон эълон кард, ба қотили филми тавҳинкунандаи пайғамбари акрам (с) ҷоиза медиҳад.
«Ман имрӯз эълон мекунам, ки ин куфргӯй ба пайғамбари муқаддас тавҳин овардааст ва агар касе ӯро қатл кунад, ман ба вай 100 ҳазор доллар ҷоиза медиҳам»,-изҳор дошт ӯ.
Вазир ҳамчунин аз «Толибон»-у «Ал-Қоида» низ барои тадбиқи ин амали ба қавли ӯ шариф даъват кард.
Ғулом Аҳмад Билор аз кишварҳои олам даъват кард, бар зидди тавҳини пайғамбари ислом қонун қабул кунанд, зеро агар онҳо ин амалро иҷро накунанд, ояндаи онҳо пурхатар хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, филми «Бегоноҳии мусалмон», ки дар он пайғамбар Муҳаммад (с) таҳқир шудааст, ба эътирози шадиди ҷомеаи мусалмонҳо рӯ ба рӯ шуд. Аз замони аввалин гирдиҳамоии эътирозӣ дар таърихи 11-уми сентябр то имрӯз дасти кам 50 нафар кушта шудаанд.
Мӯҳр