Мӯҳтарам Беҳзод Файзуллоев агар махфӣ набошад, бигӯед, ки моҳонаи Шумо чӣ қадар аст?
- Сирри тиҷоратӣ аст.
Суолдиҳанда: Aziz
Аввалан ҳамаи кормандони ин сомонаи тозатаъсисро табрик мегӯям, баъдан суоли ман ба ҷаноби Файзуллоев ин аст, ки тарофаҳои Вавилон-мобайл хеле гаронанд нисбат ба дигар ширкатҳо – масалан, дар тарофаи дастрас ва ё обычный 1 дақиқа ба операторони ҷумхурӣ бо ДНС 11.8 сентро ташкил медихад, ин нарх поён мефарояд, агар ҳа пас кай?
Пештар ҳар шаш моҳ пас тарофаҳотон иваз мешуду каме арзон мешуд, чанд моҳ ҳатто чанд сол шудаст, ки ҳамун тарофаҳо ҳамун хеланд. Ташаккур!
- Салом алейкум! Ташаккури зиёд барои суол. Айни замон мо хизматрасонии «МобиПакет» -ро барои муштариён роҳандозӣ намудем, ки истифодаи он хеле камхарҷ аст, яъне Шумо метавонед бастаи дақиқаҳоро ба ҳама самтҳо бо нархи арзон харидорӣ намоед. Ё ин ки аз дигар Накшаҳои тарофавие, ки дар онҳо арзиши зангҳо ба хама самтҳо нисбатан арзонтар аст, истифода баред.
Мӯҳтарам Беҳзод Ҳабибуллоевич, ба назари ман Шумо як менеҷер ва тоҷири муосиред дар Тоҷикистон. Акнун бигӯед, ки ширкати Шумо дар як сол дар маҷмӯъ чӣ қадар андоз ба буҷаи кишвар ворид мекунад?
- Салом алейкум. Ташаккур барои суолатон.
Ширкати Вавилон-Мобайл ба буҷаи давлатамон соли 2010 зиёда аз 110 миллион сомонӣ ворид намуд. Ширкати Вавилон-Т бошад зиёда аз 40 миллион сомонӣ. Дар якҷоягӣ ба бучаи давлат соли гузашта зиёда аз 150 млн. сомонӣ андозҳои гуногун супоридем.
Суолдиҳанда: Хуршед
Соли 2010 ман аз моҳи январ то моҳи май тарофаи интернетии Mobinet - 1000 - ро истифода бурдаам, ва моҳи май олимпиадаи байналхалқии мактаббачагон буд ва барои иштирок, ҳамчу намояндаҳои Тоҷикистон шуда 4 нафар ба шаҳри Москва рафта будем, дар ин муддат хешовандонам, бо сабаби ин технологияро нафаҳмидан симкортро маҳкам накардаанд ва рӯзи 1-уми июн то соати 16 истифода бурдаанд, баъд аз ин симкорт қарздор шуда ба маблағи 102 сомонӣ, ки абонентплатаи ин тарифро ташкил медиҳад. Имрӯз бошад аз мо талаб мекунанд ки ин маблағро супорем, вале ман дар ҳолати супоридани ин маблағ нестам...танхо хамон 73Mb, ки истифода бурдаанд, рӯзи 1 июн, ман супорида метавонам. Мӯхтарам Беҳзод Файзуллоев хоҳиш дорам маро бифаҳмед, ва гӯед, ки оё ягон роҳи осонтари ҳалли ин масъала хаст?
- Салом алейкум. Хуршед аз суолатон маълум аст, ки Шумо яке аз муштариёни фаъоли ширкати моед ва албатта аз шартҳои хизматрасониҳои мо огоҳ ҳастед. Новобоста аз он ки симкорти Шуморо ғайри Шумо, бе иҷозати Шумо, дар набудани Шумо каси дигар истифода мебарад, маблағи истифода шударо бояд пардохт намуд. Минбаъд пеш аз он ки симкортро бе назорат гузоред аҳли оилаатонро бо шартҳои хизматрасонӣ шинос намоед ё онро муҳосира (блокировка) намоед.
Суолдиҳанда: Асель
Увжаемый, Файзуллаев Беҳзод Ҳабибуллаевич! Хотелось бы узнать, появятся ли в будущем филиалы Вашей компании в странах СНГ? Также хотелось выразить большое спасибо Вашим сотрудникам!!! -
- Здравствуйте.
Наша основная задача обеспечить население нашего государства качественной и доступной связью, для чего мы стараемся использовать все имеющиеся возможности. Нет, в ближайшем будущем мы не планируем открытие наших филиалов в странах СНГ. Ведь для того чтобы открыть филиал нашей компании в другой стране необходимо лицензия той страны.
Суолдиҳанда: Furug
Салому дуруд ба шумо ва аҳли сӯхбат. Ман он байти падари равоншоди Шуморо ҳалқаи гӯш дорам, ки "Хулку атвори касонро хуб санҷидам ки чист, Корашон афтад ғулому корат афтад, хоҷаанд". Мегӯянд, ки "садаспаро ба якаспа кор афтодааст". Боре назди тавонманде корафтода шудаед, ки коратонро буд накарда бошад? Дӯстони дармонда то кадом андоза аз кӯмаки шумо бархӯрдоранд? Муваффақ бошед!
- Нахуст барои он ки байти ашъори қиблагоҳи маро “ҳалқаи гуш” кардаед, сипогузорам. Албатта мо ҳам дар мавриди зарура ба шахсиятҳои алоҳида муроҷиат мекунем. Муроҷиати мо аслан ба кор мансубият дорад. Хастанд ҳолатхое, ки ҷавоби мусбӣ мегирем ва ҳастанд ҳолатҳое, ки ҷавоби манфӣ. Яъне ҳастанд ҳолатҳое ки корро буд мекунанд ва буданд холатҳое, ки баръакс.
Суолдиҳанда: Зухуров
Бо арзи салом
-Агар шуморо раиси алокаи Точикистон таъин кунанд, дар ин соха пеш аз хама чи ислохот ворид мекунед? Мисли Зухуров ба махдуд кардани фаъолияти ширкатхои алокаи барки даст мезанед, сайтхои иттилоотиву фархангии шахрвандони кишварро мебандед ё ба онхо бештар шанси фаъолият карданро медихед?
- Ман даъвои раисии Хадамоти алоқаро надорам.
-Аз андози аксизи барои сухбати телефони ба фикри шумо ширкатхо бештар хисорот мебинанд ё мардум?
- Мувофиқи қонуни андози аксизӣ ба гурӯҳи андозҳои ғайримустақим дохил шуда, он ба болои арзиши маҳсулот зам карда мешавад. Аз ин рӯ аз моҳи феврал нархи андози аксизӣ (3%) бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба нархи хизматрасониҳои алоқа зам карда шуд. То ба имрӯз оид ба зарар ё фоидаи он ягон ҳисоботи дақиқ гузаронида нашудааст, вале ҳамин аён аст, ки андози аксизӣ аз ҳисоби муштарӣ пардохт карда мешавад.
-Аз нигохи шумо чун мутахассис дар пешрафти сохаи алокаи кишвар чи монеахо вучуд доранд ки онхоро бартараф кардан зарур аст?
-Соҳаи алоқа аз ҳама пешрафтатарин соҳа дар Тоҷикистон мебошад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки бисёр қонунҳои мо ҳанӯз кӯҳнаанду моро ба қафо мекашанд. Ҳозир мо барои гузоштани як пойгоҳ ва гирифтани як рухсатнома баъзан қариб як сол коғазбозӣ мекунем. Масалан, ду сол пеш мо бо такя ба даъвати Президент вобаста ба баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мехостем бо назардошти мав қеи хуби ҷойгиршаии кишвар Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ мубаддал созем. Тоҷикистон метавонист аз ин ҳисоб миллионҳо доллар фоида ба даст оварад ва буҷаи худро ҳаматарафа ғанӣ гардонад. Вале ба мо чунин рухсатномаро надоданд ва аз ин ҳолат Ӯзбакистон истифода бурд. Яъне на худ месозанду на ба дигарон рухсат медиханд.
Барои пешрафти ин соҳа баъзе номувофиқатӣ ва номукаммалӣ дар системаи қонунгузорӣ мавҷуд аст, ки дар оянда ислоҳ мехоҳад.
Суолдиҳанда: Точир
Салом Агар махфи набошад гуфта метавонед, ки дар бонкхои хоричи чи кадар пул доред?
- Ташаккур барои суоли хуб. Авалан ҳаминро мегӯям, ки ин сирри тиҷоратӣ аст ва дуввум ба фикри ман дар Тоҷикистон ҳам мо бонкҳои боэътимод дорем ва кафолати пасандози Шуморо дода метавонанд. Ҳоҷат ба он нест, ки ҳатман дар бонкҳои хориҷӣ пул гузорем.
Ба гайр аз ширкат боз ягон тичорати дигар ё масъулияти дигаре доред?
-Не.
Суолдиҳанда: Мурод
Мухтарам Чаноби Файзуллоев,
Кай Интернети бенокил ва арзон ба як чизи маъмули дар Точикистон мубадал мегардад. Агар ширкати шумо ин корро накунад, аз дигарон умед нест.
-Салом алейкум. Ташаккур барои бовариатон.
Мо баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифода аз технологияи муосир ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудани кишвар корҳое зиёдеро мавриди иҷро қарор дода истодаем то ин ки Интернет дар тамоми гӯшаву канори кишвар дастрас бошад. Тавре ки маълум аст, 93 фисади масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳистон ташкил дода, табиист ки шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии таъминот дар манотиқи кӯҳистон аз марказҳои саноативу маъмурии кишвар бино бар сабабҳои ҷойгиршавӣ ва имкониятҳои истеҳсолиаш тафовут дорад. Барои ин мо аз технологияҳои гуногун аз ҷумла 3G, HSDPA, Wimax, WiFi ва ғайра истифода бурда истодаем.
Суолдиҳанда: Aйни Бадриддинзода
Оё шумо рохбарони ширкатхои мобили метавонед дар баробари карорхои Бег Сабурович Зухуров дар мавриди зери як корхона тобеъ шуданатон то охир истодагари кунед? Ба фикри ман не, шумо чи андеша доред?
- Ташаккур барои суол.
Намедонам ҳадафи Шумо аз ин суол чист, вале мо бо раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати кишвар Бег Сабурович ҳамкории зич дорем. Хадамоти алоқа сохтори ба танзимдароварандаи соҳаи алоқа ба ҳисоб меравад ва ҳар як иқдоме, ки мо мегирем ё хизматрасониеро ки ба роҳ меандозем бо иҷозати Хадамоти алоқа сурат мегирад.
Суолдиҳанда: Даврон
Ассалому алейкум
Ба фикри ман ширкати Шумо кудрати молияви дорад,то инки ягон завод ё корхонаи истехсоли созад. Акалан хамон тачхизотхое,ки худи ширкат шумо ба он ниёз дорад
- Салом алейкум.
Вазифаи мо таъмин намудани алоқа дар тамоми кишвар аст. Ва мо накша дорем, ки солҳои наздик ин миссияамонро иҷро намоем. Масъалаи сохтани завод ва ё корхона ба салоҳияти мо дохил намешавад. Ин ихтисоси мо нест. Ташаккур
Суолдиҳанда: Амрохон Эмомали
Савол: Оё билетхои ЛОТОСПОРТ-ро ки дар кучаву хиёбонхо ва бозорхо ки ба фуруш бароварда мешаванд калбаки нестанд?
То кадом андоза бозии ЛОТОСПОРТ вокеъбинона сурат мегирад?
Иштироки хешутабор ва хешутаборчи ки дар ин бози чи хел аст аз нигохи шумо?
-Ташаккур,
Ба фикрам суоли Шумо тағйири нишонӣ намудааст. Ман ба бозии ЛОТОСПОРТ шавқ надорам ва машғул нашудаам. Хубтараш бо ин суол ба муассисони бозии ЛОТОСПОРТ муроҷиат намоед.
Суолдиҳанда: Рахматулло
Чаро интернет дар Точикистон то ин дарача кимат аст?. Дар Россия ман аз хидматрасонии МТС истифода мебурдам ва интернети белимит доштам хамаги бар ивази 100 рубли руси ки баробар бо 16 сомони аст. Сатхи маоши русхо кучову сатхи маоши мо!
- Нархномаҳои интернетии мо нисбат ба ширкатҳои дигар баръакс арзонтаранд. Дуввум, арзон шудани тарофаҳо асосан ба шумораи муштариён ва зиёд шудани каналҳо вобаста аст. Мо технологияи навтаринро ворид намуда истодаем ва нақшаи фарох намудани каналҳоро дорем. Бо амалӣ шудани ин иқдомҳо ва зиёд шудани шумораи муштариён нархҳо ҳатман поён бурда мешаванд....
Суолдиҳанда: Рахматулло
Чаро ширкати шумо танхо чануби чумхуриро майдони фаъолияти худ карор додааст, дар шимол он кадар нуфузе надорад
- Ташаккур барои суол. Вале ба назар чунин мерасад, ки ба Шумо дар бораи «майдони фаъолияти ширкати мо» нодуруст маълумот додаанд. Фазои иҳотаи ширкат имрӯз зиёда 95 фоизи минтақаи аҳолинишини кишварро дар бар гирифтааст. Мо дар ҳама гӯшаву канору Тоҷикистон аз ҷумла дар шимоли кишвар низ фаъолияти худро ба роҳ мондаем ва ба муштариён хизмат мерасонем.
Суолдиҳанда: Шодмон
Ассалому алайкум. Агар махфи набошад харруз муштариёни шумо дар суратхисобхои худ чи кадар пул мегузаронанд. Яъне дар ширкати Шумо хар руз аз хисоби муштариён чи кадар маблаг ворид мешавад.
- Салом алейкум.
Ин сирри тиҷоратӣ аст. Ташаккур барои суол.
Суоли дигар. Шумо тасмим надоред шабакаи пайвасти ягона дар давлатхои СНГ-ро дошта бошед? Яъне бо симкорти дар Точикистон буда битавонем дар ин давлатхо бе мамоният истифода кунем. Фикр мекунам ин ба нафъи шумост ва хам ба муштариён. саломат бошед.
-Ташаккур. Ба ин монанд савол дар боло дода шуда буд ва ман аллакай ба он посух додам. Дар мавриди истифодаи симкортҳои Тоҷикистон дар дигар давлатҳо бошад хизматрасониҳои роумингӣ мавҷуданд. Мо қариб бо тамоми кишварҳо шартномаҳои роумингӣ дорем ва муштариён метавонанд аз он истифода кунанд. Аз якуми июн арзиши хизматрасониҳои роуминги мо чандин маротиба поён бурда шуданд. Мибаъд муштариёни мо метавонанд аз тамоми гӯшаву канори Русия бо симкортҳои мо бо ҳамватанони худ дар тамос бошанд. Ҳамсӯҳбати Шумо ҳатто дарк намекунад, ки Шумо дар дигар кишвар қарор доред.
Суолдиҳанда: Umarali
Салом. Бехзод Хабибуллоевич, ширкати Вавилон ягона ширкати миллист, аммо ба фарк аз дигар ширкатхои мобили дар чавобхои худкор (автоответчик) забони точикиро истифода намекунед. Сабабаш чист? Дар холе ки хангоми сухбат операторон бо точики бисёр хуб сухбат мекунанд.
-Имрӯз аз ҷавобдиҳандаҳои худкор дар ҷомеаи мо ба таври фаъол истифода мебаранд ва мо низ аз худпосухгӯйҳои худкор ба таври васеъ истифода бурда истодаем. Худпосухгӯйҳои мо бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба муштариён ҷавоб медиҳанд. Ин эроди Шуморо мо боз дида мебароем.
2. Бег Зухуров бо ширкатхои алока доим "дастбагиребон" аст. Фикр мекунед чи мехохад? Чаро мансабдорони мо (дар дигар сохахо низ) намехоханд корхонахои мустакилу шахсони алохида рушд кунанд? -
-Ташаккур. Бо ин суол ба Бег Сабурович муроҷиат намоед.
Суолдиҳанда: Пурдил
Барои миллати камбагали точик нархи ба рох мондаи шумо нисбати интернети мобили ба андешаи Шумо аз хад зиёд нест?
- Нархи интернети мобилии мо дар муқоисаи бо тарофаҳои дигар ширкатҳо гарон нестанд. Барои шиносоӣ бо нархномаҳо Шумо метавонед ба сомонаи мо бо суроғаи www.babilon-m.tj муроҷиат намоед.
Шумо аз чи ё ки метарсед?
-Ман ҳамеша ба қонун такя мекунам ва танҳо аз худо метарсам
Суолдиҳанда: Зухур
Ба ташакур аз Шумо Беҳзод Файзуллоев, аз оне ки дастгири мекунед аз табакахои камбизоати ахолии ва аз зер дастонатон Худованд кабулаш кунад хайрхоятонро ва ба Фазлу карамаш биомурзад Падар ва Модаратонро ва дар хонадонатон Хидоят ва Дустию як дигар фахми ро ато фармояд ! Як чахон ташакур ! боз хохонем Ки дар ояндахо хам дастгиру хайрхохи халки Точик бошед ! Мувафакият дар корхоятон ! Агар хамаи точирон яъне ( Бизнесменхоямон) агар ба монанди Шумо мебуданд хама ба хайр мешуд !
- Салом алейкум. Ташаккур барои боварӣ ва таманниёти нек! Муваффақ бошед
Суолдиҳанда: рузноманигор аз ГЖК
Ба назари Шумо чаро суди иктисоди новобаста аз он ки Кумитаи андоз андозхои ба хукми конуни надаромадаро мачбуран ба души ширкатхои мобили бор карда истодааст, на аз конун, балки аз макомот пуштибони дорад?
- Тибқи қонунҳои ҷорӣ суд мақомоти мустақил аст. Ба хотири дахолат накардан ба суд ман дар ин бора чизе намегӯям. Баҳсҳои судӣ ҳанӯз идома доранд ва мо боварӣ дорем, ки адолати судӣ барқарор мешавад.
Суолдиҳанда: муштарии Тселл
1. Фармоиши 1ф чи гуна Фармоиш аст ва чаро дар ин фармоиш ба Точиктелеком имтиёзхои зиёд дода шудаанд.
- Фармоиши 1Ф, ки аз санаи 16 апрели соли 2010-ум Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба тасвиб расидааст, муқарраркунандаи тарифҳо барои пайвастшавии алоқаи барқӣ мебошад. Тибқи он барои тамоми операторони алоқаи барқӣ, ки дар бозори хизматрасонии алоқаи байналмилалӣ мавқеи ҳукмфарморо доранд, тарифҳои транзитии зангҳои воридотии байналмилалӣ муқаррар карда шудааст. Ва дуруст аст, ки дар ин фармоиш ба «Тоҷиктелеком» баъзе имтиёзҳо дода шудаанд.
2. Оё ин Фармоиш ракобати солимро ба таври расми дар байни ширкатхои мобили бархам намедихад?
-Бо ин суол ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
3. Чи бояд кард то ракобати солим миёни ширкатхо таъмин карда шавад ва ба назари Шумо аз болои ракобат ки бояд назорат барад?
- Чӣ тавре, ки қайд намудам, рақобат ҳамон вақт солим мешавад агар он баробар ва дар шароити якхела барои тамоми субъектон амалӣ карда шавад. Бинобар ин барои таъмини рақобати солим ба ҳама субъектҳо шароити якхела додан зарур аст.
Назоратро бояд сохторҳои ваколатдор ба амал барораранд. Дар кишвари мо тибқи қонунгузории ҷорӣ чунин сохтор Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Здравствуйте Беҳзод Ҳабибуллоевич!
Я очень рада что появилось такая возможность у нас граждан Таджикистана и в особенности ваши клиенты задавать вопросы по вашему направлению.
У меня такой вопрос, вы можете сказать что ваши модемы отличаются от других и чем? На данный момент я пользуюсь модемом компании MLT но она меня не удовлетворяет. Все очень хвалят вашу компанию поэтому я решила туда обратиться для того что бы приобрести модем но хотела сперва узнать ваше мнение о ваших товарах и услугах. Желаю вам процветание и успехов в делах и в жизни.
С уважением, Заррина.
-Здравствуйте, Заррина. Я очень рад, что Вы заинтересовались нашей компанией. В настоящее время мы не продаём модемы. Но сегодня на рынке Таджикистана большое разнообразие моделей модемов, и их выбор за Вами. Сейчас наша компания предоставляет только Тарифные Планы для пользования Интернетом при помощи модемов. Мы всегда заботимся о качестве предоставляемых услуг, постоянно модернизируя сеть и расширяя спектр услуг. Подробную информацию о Тарифных Планах Вы можете получить, позвонив на номер 2005 (IVR) или на 2006 (Call-Center).
Суолдиҳанда: baxtyor
салом. нархномаи хоричии ширкататон бехад баланд. ин ба кадом иллатхо вобаста ва имконияти арзоншавиаш вучуд дорад ё не?
- Салом алейкум! Ташаккур барои суолатон. Нархномаи зангҳои берун аз марзи Тоҷикистон на танҳо аз тарафи ширкати мо, балки аз тарафи шарикҳои хориҷӣ ҳам нишондод карда мешаванд.
Аз якуми июн арзиши ҳамагуна хизматрасониҳои роумингӣ хеле поён бурда шуданд. Дар ин масъала барои ба даст овардани маълумоти муфассалтар Шумо метавонед ба сомонаи мо ё ба коллсентр бо рақами 2005 муроҷиат намоед
Суолдиҳанда: Abdullo
Салом чаноби Бехзод Файзуллоев!
Имрузхо Шумо медонед, ки интернет яке аз мухимтарин шабакае хаст дар руи чахон ва пешрафтааст, аммо дар Чумхурии мо бошад хеле бо суръати паст фаъолият дорад. Хамчунин бисёр бо нарххои баланд аст, сабаб дар чист? ва дар накшахои пешгирифтаатон ба кайд гирифтаги хастед, ки арзон карда мешавад ва суръаташ хам баланд мешавад?
Бо эхтиром...
- Суръати интернет дар Тоҷикистон на он қадар паст аст, ки Шумо фикр мекунед. Дар худуди ИДМ Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасонии Интернет яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Вобаста ба сатҳи хизматрасонӣ ва суръат тарофаҳои гуногун дар ширкати мо роҳандозӣ карда шудаанд. Марҳамат ба шӯъбаи муштариён муроҷиат намоед ва ё ба сомонаи мо даромада тарофаҳои гуногуни онро бо суръати баланд интихоб намоед.
Суолдиҳанда: Зухур
Мухтарам Файзулоев Б.Х. оиди Роуминг-ММС, Барои чи то хозир пайдо нашудааст Шартномаи Ромингии ММС бо дигар Ширкату Давлатхо ! ва 3G-Роуминг ки ин хизматрасонихо бисёр лозиманд ба шахрвандони Мо ки дар Руссия ва дигар давлатхоянду мехоханд Сурату Акси зиндаи Бародарони худро бубинанд - хохиш мекунем ки ба зуди ин масалахо рохи хали Худро Ёбанд Як чахон ташакур ! Саломат бошед ! Точири Точик бо нангу номуси Миллат !
- Салом алейкум! Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон. Айни замон ширкати мо бо чанд давлатҳо 3G Роуминг ва ММС Роумингро аллакай ба роҳ мондааст. Муштариёни мо аллакай аз хизматрасонии мазкур ба таври васеъ истифода мебаранд. Мутахассисони ширкат дар ин самт боз корҳои зиёде бурда истодаанд . Кӯшиш мекунем, ки дар ин соҳа ҳам сатҳи хизматрасонӣ ва ҳам сифати он баланд бошад.
Суолдиҳанда: Itab pas
Кай саросари Точикистонро интернет фаро мегирад. Масалан, дар Ховалинг дар бораи интернет иттилоъ надоранд. Манзурам кӯҳистон аст.
- Дар Ховалинг Интернет вуҷуд дорад ва фаъолият карда истодаст. Дар оянда мо майдони фаъолияти онро дар ин ноҳия боз ҳам густариш доданием.
Суолдиҳанда: Муштари
Салом,
Муштарии ширкати Шумо хастам, аз ширкати Шумо раками NGN дорам.
Лэптопам Виндовз 7 дорад, ва дар лэптопам барномаи Икс Лайт дорам, ки каблан аз хамин лэптоп ва хамин барнома дар Амрико ва дар Душанбе истифода бурда будам.
Чанде пеш ба Амрико омадам, вале аз хамон лэптоп ва хамон Икс Лайт натавонистам занг занам. Хангоми кушодани барнома он "хатои 408 - request timеout" нишон медихад.
Як дустам ба Вавилон-Т рузи 27-уми май занг зад, ба у гуфтаанд, ки бояд ман худам тел кунам. О инсоф, ман агар тел карда метавонистам, ба Вавилон не, ба хонаамон телефон мекардам. Вакте дустам бори дигар талоши занг задан кард, гуфт, ки касе гуширо намебардорад.
Имруз, 28-уми май, дусти дигарам занг зад. Садои чавоне ба у гуфт, ки ман бояд ОпенАй дар лэптопам инсталл кунам. ОпенАйро инстал кардам, вале он парол ва е раками маро кабул накард.
Бори дуввум ба Вавилон занг задем. Садои чавоне буд, ки баъдан "садоятонро намешунавам" гуфт ва гуширо бидуни хайрухуш партофт. Боз зангаш задем, гуфт, ки паролам иштибох аст ва бояд бо ариза мурочиат кунам. Гуфтам, паролам дуруст аст. ПЕшниход кардам, ки бидуни миенчигии дусти ман, тавассути м-агент ва е скайп сухбат кунем ва мушкиламро хал намояд. Нишонии м-агентамро пурсид ва дигар бо хамон гум шуд.
Аз чиянам, ки дар Малайзия аст, хохиш кардам, ки НЧН-ашро бо хамон пароли кабли санчад. Санчид ва гуфт, кор мекунад, яъне парол дуруст аст.
Боз як дусти дигарамро хохиш кардам, ки ба Вавилон занг занад. Ин дафъа як бону бо агент кушиш кард, ки ба ман кумак расонад, вале он хам номуваффак анчомид. Ба хар хол, ташаккур ба у, ки акаллан кушиш кард.
Сипас, ин хатро ба имейли расмии ВавилонТ фиристодам, посух нагирифтам.
Акнун:
1) Онхое, ки ба зангхо чавоб медиханд, одоби сухбат бо муштариро надоранд, хол он ки барои муошират бо муштари маош мегиранд.
2) Ин нафархо дониши казои хам надоранд ва намедонанд, ки масалан, мушкили бисер рух медодаи "408" чи сабаб дорад.
-Салом алейкум. Ташаккур барои суол. Мо ин шикояти Шуморо ҳатман мавриди санчиш қарор медиҳем ва ба Шумо ба таври хаттӣ дар ин бора хабар медиҳем.
Пешниход дорам, ки хидматгузории онлайн ба муштариенро ба рох бимонед. Чун аксари муштариени NGN берун аз кишвар хастанд ва вакте ба мушкил гирифтор мешаванд, ягона рохи мурочиаташон ба Шумо тарики телефон аст. Агар аз хорича телефон кунанд, гарон аст, чун дакикахои зиеде бояд сухбат кунанд. Мачбуранд, ки дар м-агент интизор бимонанд, то кадоме аз дустонашон онлайн шаваду уро хохиш кунанд, ки ба Вавилон тел кунад....
Умедворам, ки мушкилот дар оянда камтар бигарданд.
-Ташаккур барои пешниҳоди худ. Чунин хизматрасониҳо аллакай дар ширкати мо ба роҳ монда шудааст. Барои беҳбудӣ бахшидан ба ин соҳа таклифи Шуморо мо ҳатман ба инобат мегирем.
Мавзуъи дигар. То имруз аз ВавилонМ раками мобили доштам. Аммо вактхои ахир сифати алокааш хам хуб набуд ва хам арзиши дакикахояш ба назарам гаронтар менамояд.
Маъзарат мехохам, ба ин тасмим расидам, ки аз Тселл ракам бигирам.
- Салом алейкум. Хушбахтона имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои зиёде мавҷуданд, ки алоқаи мобилиро ба ҳамагон дастрас менамоянд ва шаҳрвандони мо имконияти интихоби худро доранд. Шумо низ дар интихоби худ озодед. Вале оиди сатҳи хизматрасонии ширкати мо ва арзиши зангҳо ҳаминро мегӯям, ки мо тарофаҳои гуногун дорем ва он барои ҳамагон дастрас аст. 7-маи соли равон дар шабакаи мо 2 миллиону дусад ҳазорумин муштарӣ ба қайд гирифта шуд ва ман фикр мекунам, ки ин нишондод гуфтаҳои маро боз як бори дигар тасдиқ мекунад.
Суолдиҳанда: Mijoz
Shumo kay xizmatrasonii bleckberry paivand mekuneton, dar nakshaaoton hast?
- Ташаккур барои суол. Феълан, дар ин масъала гуфтушунид рафта истодааст. Ва баробари ҳалли худашро ёфтан мо ин намуди хизматрасониро низ ба роҳ мемонем.
Суолдиҳанда: Zuhur
Мухтарам Бехзод Файзуллоев – бисёре аз Чавонон дар ширкати Шумо кор ва фаъолият мекунад ки дастгирии бузург аст нисбат ба кишри чавони Точикистон чи аз бародарону аз хохарон бо хамин сабаб онхо мачбур шуда ба давлатхои хоричи мухочир намешаванду дар Ватани худ кору зиндаги мекунанд бо дастгирии бе воситаи шумо. Бо фазлу карамаш Худованд ин кадар пулу молу сарвату аклу заковату кордонию мардонагиро ба Шумо арзони доштааст ! Мо чавонон дуъогуи Шумо ва ахлу оилаи Шумо хастем аз АЛЛОХи Мехрабон талабгорем ки нигахбони ва баракат ва хидояту маърифати баланди инсониро ба Шумо арзони фармояд омин ки дар ин зиндагии пур талотуму мукилу такдир соз дастгири моед !
-Ташакукур барои суол ва таманниёти нек.
Ташаккур барои таманниёти нек. Ширкатҳои мобилӣ имрӯз на танҳо яке аз беҳтарин андозсупорандагон дар кишвари мо ба ҳисоб мерванд, балки таъминкунандагони асосии ҷои кор ва маоши хуб низ ҳастанд. Агар ба ин ширкатҳо ҳаматарафа имконият дода шаваду монеагузориҳои сунъӣ камтар бошанд, бо боварии комил гуфта метавонем, ки солҳои наздик дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишвари мо аз ҳама пеш хоҳад гузашт.
Суолдиҳанда: кунчков
Дуруст аст, ки шумо вакте ширкати Вавилонро таъсис додаед, хамаги чор курси барои нишастан доштаед. Агар мехмоне меомадааст, коргаронатон берун баромада меистодаанд. Агар ин гап рост аст, чанд сол лозим шуд, ки ширкататон худкифо шуд ва рушд кард?
-Ташаккур. Дар ҳақиқат Шумо кунчков будаед.
Чор курсӣ неву дар аввал мо се ҳуҷраи корӣ доштем. Яке ба сифати қабулгоҳ истифода бурда мешуд ва дуи дигар барои хизматрасониҳои гуногун. Дар давоми 5 сол мо тавонистем ба як ширкати рушдкунанда таблил ёбем ва ҳоло зиёда аз 2 миллиону дусад ҳазор муштарӣ дорем.
Суолдиҳанда: Сабур
Падари шумо барвакт аз сар рафт, дар ин муддат аз Иттифоки нависандагон ба хонаводаи шумо кумак мешуд?
- Дар давраи Шӯрави нафақа мавҷуд буд ва мо нафақаи падарамро аз Иттифоқи нависандагон мегирифтем. Мо ҳоло ҳам аз роҳбари пешин ва ҳам аз роҳбари ҳозираи Иттифоқи нависандагон миннатдорем.
Суолдиҳанда: Саодат
Расм шудааст, ки ба соҳибкорон аз ҷониби ҳукумат андозҳои ғайрирасмӣ бор карда мешавад. Мисоли хона сохтан ба офатзадагон, хатнасур кардани камбизоатон… Алҳол барои таҷлили ҷашни 20 солагии истиқлолият аз аксар тоҷирон маблағҳои калон ситонида мешавад. Агар махфи набошад барои ин ҷашн Шумо чиқадар пул супоридед?
--Ташаккур барои суол.
Аз тарафи Ҳукумати кишвар ба мо ҳеҷ гуна андозҳои ғайрирасмӣ бор карда нашудаанд. Хоҳ дар сохтани хонаҳо барои офатзодагон хоҳ дар ҷашну маросимҳо мо худ тасмим мегирем. Ҳукуматро дастгирӣ мекунам ва вобаста ба имкониятҳо дар таҷлили ҷашну маросимҳо саҳми худро мегузорем. Инак, мо дар пешорӯи ҷашни 20- солагии истиқлолияти кишвар қарор дорем. Ширкатҳои мобилӣ тасмим гирифтанд ва нақша доранд, ки дар якҷоягӣ бо хадамоти алоқа таҳти роҳбарии Раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров як варзишгоҳ сохта ба истифода диҳем. Ба ҷуз аз ин мо дар доираи барномҳои иҷтимоии худ ҳамеша ба эҳтиёҷмандон кӯмак мекунем. Имрӯз дар доираи ин барнома мактабҳои миёнаву олии зиёд, ҷамъияту ташкилотҳои гуногуни маъюбону мӯҳтоҷон бо интернети ройгон таъмин карда шудаанд ва касалхонаву мактабҳои гуногун аз тарафи мо маблағгузорӣ карда мешаванд.
Суолдиҳанда: Махмадсаид!
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |