Як сокини шаҳри Кӯлобро ҳангоми дар дукони сартарошхона қарор доштанаш захмӣ кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба Исфандиёр Латипови 26 сола, муроҷиат намудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, рӯзи 21-уми сентябри соли равон Ҷамшед Мусоеви 29 сола, сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб дар дукони сартарошхонаи шаҳрванд Баракат Рӯзиев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. «Бинобар сабаби хусумати пешина доштанаш, ба тарафи Исфандиёр Латипов, ки дар сартарошхона машғули сартарошӣ будааст, дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб мезанад»,-афзуд манбаъ.
Феълан, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр