Нахуствазири Қатар дар мусоҳиба бо як рӯзномаи кувейтӣ таъкид кард, Эрон бахше аз роҳи ҳалли мавзӯи Сурия аст.
Бино ба гузориши Форс, Шaйх Ҳамд ибни Ҷосим, сарвазир ва вазири умури хориҷаи Қатар дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Алрой»-и Кувейт ҳамчунин афзудааст: «Мо равобити шаффоф ва мустаҳкаме бо Эрон дорем ва ҳамон тавр ки дар бархе мавзуот бо Эрон ҳамназар ҳастем, дар бархе дигар бо он ихтилоф дорем». Вай ҳамчунин дар бахше дигар аз ин мусоҳиба иттиҳомот алайҳи Қатар дар бораи дaхолат дар корҳои дохилии Кувейтро рад кард ва гуфт, ки ин иддаоҳое аст, ки ҳeч гуна далeл ва мадраке надорад.
Шaйх Ҳамд ибни Ҷосим дар бораи маъмурияти Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи Созмони миллал дар умури Сурия низ гуфт, эътимоди комиле ба вай дорад, аммо ба тарфи дигар эътимод надорад ва суистифода аз ин маъмурият мумкин аст ба афзоиши куштаҳо боис шавад.
Шайхи Қатар, ки дар ҳангоми шуруи ошубҳо дар Сурия хабар аз суқути думоҳаи низоми ҳоким дода буд, маъмурияти Ахазар Иброҳимӣ, фиристодаи Созмони миллал ба Сурияро шикастхӯрда арзёбӣ кард ва мудаъӣ шуд, ки дар Сурия эҳтимоли рехтани хуни бештаре аст.
Форс менависад, Ҳамд инби Ҷосим дар ҳоле аз шикасти маъмурияти Ахзар Иброҳимӣ мегӯяд, ки худ ва кишвараш нақши мустақиме дар шикасти Кофе Анон дар тарҳаш барои Сурия доштанд.
Мӯҳр