Ҳусейни Ҳижабрӣ, муовини вазири омӯзишу парвариш (маориф)-и Эрон аз танинандоз шудани шиори «Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» дар нахустин рӯзи оғози соли нави таҳсил дар мадрасаҳои Эрон хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузории «Форс», Ҳусейни Ҳижабрӣ бо ишора ба беҳурматии Амрико ба соҳати муқаддаси Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) изҳор дошт: «Дар пайи ин иқдом Вазорати омӯзишу парвариш бо пахши баёнияе ин иқдомро маҳкум намуд. Аз ин ба баъд дар мадрасаҳо азон ва «Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» аз баландгӯйҳои мадраса бо садои хонандаҳо садо медиҳад ва низ дар давоми сол барномаи «Ҳифзи ҳадисҳои Расули Акрам(с)» роҳандозӣ хоҳад шуд.
Гуфтанист, оғози соли таҳсилӣ дар мадрасаҳои Эрон 1-уми меҳрмоҳ (баробар бо 22-юми сентябр) мебошад ва имсол беш аз 2 миллион нафар ба синфи якум мераванд.
Мӯҳр