Дар наздикии шаҳри Атирау, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон зимни як амалиёти зиддитерористӣ чор гумонбар дар ҳамла ба кормандони пулис кушта шуд.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Қазоқистон нерӯҳои ҳукуматӣ манзилеро, ки ин афрод паноҳ мебурданд, муҳосира кардаанд. Дар ҷавоб ба пешниҳоди таслим шудан муттаҳамин оташ кушодаанд.
Манбаъ гуфтааст, аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст. Аз маҳалли ҳодиса аслиҳа, тир ва зарфҳои пур аз моеъи тарканда ёфт шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон бар инанд, ки афроди кушташуда дар ҳамла ба кормандони пулис дар 15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Атирау даст доштанд.
Мӯҳр