25 ва 26-уми сентябри соли равон дар Маркази тиҷоратии «Плаза Душанбе» конфронси дуюми байналмилалии «Бартарии технологияҳои мобилӣ барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои Осиё» баргузор мешавад. Дар ин бора аз шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар конфронс беш аз 100 мутахассис, мушовирони байналмилалӣ ва намояндаҳои муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ иштирок хоҳанд кард.
Инчунин, дар ҳамоиш иштироки коршиносони байналмилалӣ аз Гурҷистон, Молдова, Филиппин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Афғонистон дар назар аст.
Конфронси мазкур бо ибтикори Шӯрои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК)-и назди президенти Тоҷикистон дар шарикии Ассосиатсияи дастраскунандаҳои интернет ва ҷонибҳои манфиатдори рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Мӯҳр