Бисёре аз тоҷикистониён, ки музди меҳнати худро тавассути кортҳои пластикӣ аз бонк мегиранд, талаб доранд, то бонкҳо барои таъхиркорӣ ба мизоҷон фоизи муайян пардохт намоянд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ин ташаббуси шаҳрвандон истиқбол кард.
«Бигзор ним фоизи солона ҳам бошад, лекин барои маблағҳое, ки як рӯз ним рӯз ҳам дар ҳисоби бонкӣ меистанд, ҳатман барои амонат фоиз додан даркор аст. Ман ҳанӯз аз замони фаъолиятам дар Агроинвестбонк, аз ҷумлаи онҳое будам, ки исрор мекардам, то барои амонатҳои дархостшавандаи дар кортҳои пластикӣ буда, фоизи муайян пардохта шавад»,-мегӯяд Абдуҷаббор Ширинов.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷиҳати густариши истифодаи низоми пластикӣ дар кишвар ба ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ дастур додаст, ки реҷаи кории худро тавре ба роҳ монанд, ки шаҳрвандон новобаста аз он ки рӯзи истироҳат аст ё корӣ, шаб аст ё рӯз тавонанд аз банкоматҳо пул бигиранд.
Мӯҳр