Бейдлер, генерал-майори навтаъиншудаи Фармондеҳии марказии ИМА дар доираи сафари шиносоии худ аз Тоҷикистон дидан кард.
Тавре ба Озодагон аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, сафари нахустини сарвари нави Бахши фармондеҳии марказии ИМА оид ба нақшагирӣ, сиёсат, стратегия ва барномаҳои кӯмакдиҳӣ аз Осиёи Марказӣ ҳафтаи равон оғоз шуд. Бейдлер дар доираи ин боздид аз ҳар як кишвари минтақа боздиди кӯтоҳмуддат анҷом дод.
Дирӯз, зимни дидор аз Тоҷикистон генерал-майори амрикоӣ бо масъулини дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ва Сафорати ИМА мулоқот кард. «Дар ин вохӯриҳо бештар масъалаҳои амниятии боиси нигаронии мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифт»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр