Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Исмолӣ Сомонӣ бо ҷурми авбошӣ як гурӯҳи наврасонро боздошт карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, бо ин иттиҳом Муҳаммад Яҳёеви 14 сола, сокини кӯчаи Бохтар, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумии №9, Саидҳасан Забирови 16 сола, сокини кӯчаи Ҳофизӣ Шерозӣ ва Бахтиёр Ахмедови 20 сола, сокини кӯҷаи С. Носиров дастгир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо рӯзи 18-уми сентябри соли равон тахминан соати 12:30 дар назди театри «Лоҳутӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ноболиғ Нозим Худойдодови 17 сола, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии №9-ро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа Нозим Худойдодов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Феълан, нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр