Имрӯз дар Нидерландия, наздикии шаҳри Гаага намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳон масоили марбут ба эъмоли таҳримҳои зиди режими Сурияро ҷорӣ мекунанд.
Ури Розентал, вазир корҳои дохилии Нидерландия қабл аз оғози мулоқоти гурӯҳи «Дӯстони мардуми Сурия» гуфт, ки таҳримҳои молиявӣ на танҳо барои он пешбинӣ шудааст, ки нерӯи ҳарбии режими Башор Асад заиф гардад, балки барои барканории райисҷумҳур низ кӯмак хоҳад кард. «Гап сари он намеравад, ки ӯ Башор Асад ба истеъфо меравад ё не, сӯҳбат ин ҷост, ки кай вай меравад»,- изҳор доштааст Розентал.
Маврид ба тазаккур аст, ки имрӯз дар атрофи яке аз шаҳрҳои наздик ба пойтахти Сурия чархболи низомӣ суқут кард. Дар ин бора шабакаи давлатии телевизиони Сурия хабар додааст. Хабаргузории France-Presse бо такя ба Маркази суриягии ҳуқуқи инсон гуфтааст, чархбол аз сӯи ошубгарон зада шудааст.
Мӯҳр