Дар шимоли кишвар беэҳтиётии ронандаи трактор боиси марги як нафар гардид.
Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта Сунатулло Бойназаров, ронандаи трактори тамғаи «Т-40», соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Сеҷинаи ноҳияи Панҷакент, коргари хоҷагии деҳқонии «Сеҷина» дар рӯ ба рӯи бозори марказии Панҷакент аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шоҳсанам Маҳмадисоеваро зер мекунад.
Дар натиҷа пиёдагарди 18 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Мӯҳр