Ҳудуди 28 нафар дар шаҳри Маскав боздошт гардида, аз сӯи пулис мавриди тафтиш қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс»,мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия, рӯзи 12-уми июн, яъне дар рӯзи таҷлили 21-умин солгарди қабули эъломияи истиқлоли Федератсияи Русия тазоҳургаронро дастгир карда зимнан ба пулисхона интиқол додаанд. Тавре қаблан иттилоъ дода мешуд, ҳазорон нафар, аксаран аз гурӯҳҳои ҷавонони тарафдори давлат, ба хотири таҷлил аз ин ид ба пойтахти Русия ташриф оварда буданд. Дар Маскав ҳудуди 120 чорабинӣ ба ин ҷашн бахшидашуда сурат пазируфт, ки қонуншиканиеҳое низ дар пай дошт.
Мӯҳр