Райиси Кумитаи андози ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки на ширкати сохтмонӣ дорад ва на ягон тарабхона.
Дар ин бора Нусратулло Давлатов аснои сӯҳбати виртуалӣ бо муштариёни хабаргузории Озодагон иброз дошт. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки ба таваҷҷӯҳатон расонам, ки ширкати сохтмонӣ аз ман не, балки аз фарзанди ман аст ва он на расман ва на ғайрирасмӣ комилан аз андоз озод нест: Андозҳои муқарраршударо саривақт пардохт менамояд, инчунин ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ соҳиби маълумоти дахлдор ва мутахассиси соҳаи худ аст, аз қонунгузории андоз хабардор аст ва дар фаъолияти худ кӯшиш менамояд, ки ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ надиҳад.
Дар иртибот ба қаҳвахонаи “Лаззат” ва соҳибмулки он, ҷаноби Давлатов гуфт, бинои мазкур ба бародари ман тааллуқ дошта, дар нозироти андози маҳал ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Бинои он барои фаъолияти соҳибкорӣ ба шахси дигар ба иҷора дода шудааст ва ин тартиб ба қонунгузорӣ мухолифат наменамояд.
-Роҳбарон ва кормандони вазорату кумитаҳои давлатӣ хизматчии давлатӣ ба ҳисоб мераванд ва тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқи ба соҳибкорӣ машғул шуданро надоранд, аммо қонунгузорӣ ба соҳибкорӣ машғул шудани фарзандони онҳоро манъ накардааст,- афзуд Давлатов.
Матни комили сӯҳбати виртуалии Озодагон бо Нусратулло Давлатовро аз нишонии зер пайдо карда метавонед:
https://www.ozodagon.com/rbr/97-2011
Мӯҳр