Давоми як соли охир гӯшти гов дар бозорҳои пойтахт 19 фоиз қиммат шуда, тибқи маълумоти расмӣ ҳоло ба ҳисоби миёна бо арзиши 33 сомонию 25 дирам фурӯхта мешавад.
Тавре ба хабаргузории Озодагоназ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки 20-уми сентябри соли гузашта як кило гӯшти гов дар нуқтаҳои савдо 27 сомонӣ фӯрухта мешуд.
Бино ба иттилои манбаъ аз ҳама гӯшти арзон дар дӯконҳои гӯштфӯрушии бозори «Варзоб» ба назар мерасад, ки 32 сомониву 50 дирам қиммат дорад. Дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии бозори «Саховат» бошад, он 33 сомонӣ наргузорӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, аз ҳама нархи гарон дар бозорҳои «Деҳқон» ва «Шоҳмансур» мушоҳида шудааст, ки як кило гӯшти гов 34 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудаааст.
Мӯҳр