Даҳҳо манзили зист ва муассисаҳои мухталиф дар шимоли кишвар зарар дидаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Ҳоҷӣ Мусаянов, муовини сардори ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Суғд иттилоъ дод, бар асари борони шадиди шаби гузашта, ҳодисаи селхезӣ дар навоҳии Панҷакент, Ғончӣ ва Ашт ба қайд гирифта шудааст. Дар пайи ин ҳаводис даҳҳо манзили зисти сокинон ва киштзору заминҳои ҳосилхез таги селоб монда, хисороти ҳангуфт ба иқтисоди вилоят ворид гаштааст. Гуфта мешавад, роҳу иншооти коммуникатсионӣ низ тахриб гардида, чорвои бархе аз аҳолӣ нобуд гардидааст.
Айни замон дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ҳаҷми хисороти ворида иттилоъ дода нашудааст ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад.
Мӯҳр