Бахшҳо

Тоҷикистон аз Филиппин пеш гузашт. Ба гуфти намояндаи БҶ

Томас Очакосо, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ иброз намудааст, ки Тоҷикистон бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҷиҳати ҳалли масоил ва мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Ин нуктаро номбурда зимни баргузории як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт ва таъкид намуд, ки мақсад аз сафараш ба Тоҷикистон кӯмак намудан дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта мебошад: «Омодаем  бо истифода аз таҷрибаи  бисёрсолаи худ баҳри боз ҳам дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт мусоидат намоем».

Абдуллоҳои Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ин нишаст Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ зери роҳбарии Сударшан Канагараҷа, Томас Очакосо ва Матин Холматов ҷиҳати баррасии ҳалли масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва мустаҳкам намудани мавқеъи Хадамоти муҳоҷират табодули назар намуданд. Дар ин нишаст гуфта шудааст, ки вазъи бозори ҷаҳонии меҳнат ва  рақобат барои қувваи корӣ  рӯз то рӯз пуршиддат мегардад ва Тоҷикистон бояд дар ин самт фаъол бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин сардори Хадамоти муҳоҷират ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз вазъи кунунии сохтор, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва нақшаҳои дарпешистода иттилоъ дода, илова намудааст, ки мушкилиҳо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ дар наздиктарин фурсат ҳал хоҳанд шуд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни ин мулоқот Сударшан Канагараджа, роҳбари  Барномаи муҳоҷират дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хадамоти муҳоҷират ва барномаҳои дар ин самт омода намуда,  ибрози андеша намуд. Роҳбари  Барномаи муҳоҷират дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи марказӣ қайд намудааст, ки Тоҷикистон дар ин ин соҳа дар муддати кӯтоҳтарин ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардид: «Корҳоеро, ки Филиппин дар тӯли 10 сол ба анҷом расонида буд, Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳ анҷом диҳад».








Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)