Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бунёди чанд иншооти нав оғоз ёфта, бархеи дигари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Боздиди райисҷумҳури Тоҷикистон, ки дирӯз аз ноҳияи Рӯшони ВМБК оғоз гардид, ҳоло идома дошта, дар шаҳри Хоруғ ӯ нахуст ба отряди сарҳадӣ ташриф оварда, ба сохтмони як зумра биноҳои нави он, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази нави таълимӣ, ду бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, майдончаи варзишӣ ва парки мошину техникаи низомӣ, оғоз бахшид ва таъкид дошт, ки ҳамаи ин биноҳо то моҳи ноябри соли 2013
мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, дар отряди сарҳадии Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори маркази таълимии мавҷудаи он, ки барои омодасозии афсарону сарбозони гузаргоҳҳои сарҳадӣ бунёд ёфта, ба таври зарурӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалии марзбонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва маркази кинологӣ ё худ омодасозии сагҳои хизматӣ аз наздик шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар маркази кинологӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа дар 6 моҳ то 22 саги хизматӣ барои дарёфти маводи мухаддир, моддаҳои тарканда, яроқу аслиҳа ва дастгир намудани ҷинояткорону сарҳадшиканон омода гардида, ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ фиристода мешаванд.
Зимни сӯҳбат бо сарҳадбонон, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ ва будубоши сарбозон, аз ҷумла доир ба бунёди як ҳаммоми нави муосир супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мӯҳр