Бахшҳо

Ҷопон барои як беморхона дар Ашт 115 ҳазор $ медиҳад

Хироюки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт созишномаи грантӣ оид ба «Лоиҳаи беҳсозии беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт»-ро ба имзо расониданд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Беҳрӯз Узоқов, масъули омӯзиш оид ба лоиҳаҳои дастгирии грантӣ барои минтақаҳо ва бехатарии инсон иттилоъ дод. Бино ба иттилои манбаъ,Ҷопон дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ, мақсади дастгирӣ намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи он, барои сохтани бинои нави замонавии тиббӣ маблағ  ҷудо намудааст.

Ба гуфти манбаъ, бахши беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Дустӣ ҷойгир аст, ки аз шӯъбаи ҷарроҳи, шӯъбаи терапевтӣ ва шӯъбаи гинекологӣ иборат мебошад: “Ин бино иборат аз 13 ҳуҷра буда, баъди пурра сохта ба истифода додани он  ба беморхонаи минтақавӣ табдил хоҳад ёфт. Ин шифохона бо шароити зарурӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ таҷҳизонида мешавад”.

Маврид ёдоварист, дар беморхонаи мазкур ҳар сол тақрибан 6.000 нафар беморон аз гирду атрофи шаҳраки Дустӣ табобат мегиранд, ки 46%-и онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар беморхона танҳо 2 шӯъба, шӯъбаи кӯдакон ва занон вуҷуд дорад, ки табобати онҳо дар шароити номусоид ва ба талабот ҷавобгӯ нест.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)