«Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот». Таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр таҷлил мегардад, конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни баромадаш дар ҳамоиш иброз намуд, ки китобҳои дарсӣ бояд аз ташхиси олимони забоншинос гузаранд ва баъдан ба нашр расанд.
Номбурда таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ накши муҳим дорад.
Ба ҷузъ ин, дар конфронс масъалаи татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм, вазъи кунунии истилоҳоти забони давлатӣ, нуқсони граматикии забони матбуот миёни коршиносону олимони соҳаи забоншиносӣ баррасӣ гардид.
Мӯҳр