Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев барқияи шодбошӣ ирсол кардааст.Дар ин номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст: "мӯҳтарам Дмитрий Анатолевич, аз сидқи дил ба Шумо ва дар шахси шумо ба тамоми мардуми Русия ба муносибати 20-солагии қабули Эъломияи истиқлоли Русия табрикоти самимиамро арз менамоям. Тайи ин муддат ҷумҳурии бародарии Русия тавонист дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ пешрафт кунад, ҳаёти осоиштаи сокинонашро беҳбуд бахшад ва рушди маорифу фарҳангро таъмин созад. Давлати Русия дар ҷаҳон обрӯи хоса дошта, кафили пойдории сулҳ, амният ва оромии минтақа аст. Мо ҳам, мисли дӯстони самимӣ, аз ин дастовардҳои Шумо дар арсаи байналмилалӣ шоду мамнунем".Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, ҳамзамон дар ин номаи Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Ман аминам, ки боздиди дар пешистодаи давлатии шумо аз Тоҷикистон дар муносиботи ҳамкории дуҷониба такони нав мебахшад. Шуморо бовар мекунонам, ки барои амалӣ гаштани ин ҳадафҳои судманд ҷониби мо аз ҳама имконият истифода хоҳад кард. Аз лаҳзаи мувофиқ, ки ба рӯзи таҷлили Эъломияи истиқлоли кишвари шумо рост омадааст, истифода карда, ба шумо Дмитрий Анатолевич саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳоро таманно менамоям, ба халқи кабири рус бошад- сулҳ, осоиш ва шукуфоиро хоҳонам».
Мӯҳр