Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) филми «Бегуноҳии мусалмонон», ки дар он Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) таҳвин шудааст, қотеъона маҳкум кард.
Дар баёнияе, ки ин ҳизб нашр кард, аз ҷумла гуфта мешавад: «Шахсияти Паёмбар (с) волотарин арзиши исломӣ барои ҳар як мусалмон аст ва барои эҳтирому эътибор қоил шудан ба арзишҳои динӣ санадҳои байналмиллалӣ ҳам таъкид кардаанд.
Силсилаи ин гуна иқдому амалҳои тавҳиномез, бахусус нисбат ба арзишҳои исломиро доираҳое бо афкору назари маҳдуд тайи чанд сол аст, ки думбол мекунанд ва ғараз аз ин аъмол адами таҳаммули онҳо аз нуфузу густариши Ислом ва ба хотири ба вуҷуд овардани ваҳму ҳарос дар афкори ҷомеъаҳои мухталиф ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ба ном исломист».
Шӯрои сиёсии ҲНИТ пахши ҳама гуна амалҳои иҳонатомезро нисбати шаъни Паёмбари бузургвори Ислом (с) хилофи арзишҳои умумибашарӣ шуморида, аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овардааст, ки аз чунин амалҳои таҳқиромез ва барҳамзанандаи субот ҷилавгирӣ намуда, омилони ин аъмолро, сарфи назар аз пайрави дине будан ё набудан, ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Мӯҳр