Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.
Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин ноҳия бо иштироки президент филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб-интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта мешавад, дар ин таълимгоҳ хонандагони синфҳои болоӣ, ки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, ҳунарҳои ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва технологияҳои компютериро меомӯзанд.
Зимнан қайд гардид, ки мабалғгузории ин муассисаи таълимӣ аз сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таълими умумӣ, касбомӯзӣ ва будубоши шабонарӯзӣ муҳайё аст. Толибилмони ин муассиса бо ошхонаи зебою барҳаво, хӯроки бепул, хобгоҳи хуштарҳи замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошанд. Шароите, ки дар толори бузурги варзишии он муҳайё гардидааст, метавонад натанҳо аз ҷониби мактаббачагон, балки дигар ҷавонону наврасони ноҳия мавриди истифода қарор гиранд.
Манбаъ менависад, Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия бо намояндагони сершумори омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи Рӯшон мулоқот анҷом дод. Зимни суханронии президент ва маҳфили пурсишу посухҳо ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи Рӯшон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Рӯшон дар муҳлати кӯтоҳ пурра навсозӣ карда шаванд. Тибқи дастури дигари президенти кишвар мушкили норасоии нерӯи барқ дар водии Бартанг дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ бояд бартараф гардида, роҳҳояш навсозӣ шаванд.
Мӯҳр