Дар шаҳри Бағдод бар асари як таркиш, ки аз сӯи фидоии маргталаб анҷом шудааст, дасти кам ҳафт нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ин ҳодиса дар наздикии мавзее мавсум ба «Минтақаи сабз»-и пойтахти Ироқ ба вуқӯъ пайвастааст. Миёни кушташудаҳо ду хизматчии ҳарбӣ низ будааст. Тибқи иттилои расида теъдоди захмиён ба 20 нафар мерасад.
Фидоӣ мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар наздикии «Минтақаи сабз», ки иншоотҳои ҳукуматӣ ва хориҷӣ ҷойгиранд, таркондааст.
Мӯҳр